Дар робита ба қатли Қувватов “чанд нафари дигар” боздошт шудааст

© Flickr \ Elvert BarnesБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби бозҷӯии парвандаи куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, пулиси Туркия чанд нафари дигарро низ дастгир кардааст. Исми ин афрод ҳанӯз эълон нашудааст.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Пулиси Туркия, ки ба думболи куштори Умаралӣ Қувватов ҳудуди се нафарро ҳамчун гумонбарони таҳия ва татбиқи куштор боздошт карда буд, акнун чанд тани дигарро бо гумони ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ боздошт кардааст, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Вокунишҳо аз Душанбе: қатли Қувватов тарҳрезишуда буд

Бино бар иттилои ин расона, хабари боздоштҳои тоза аз манбаъҳое дастрас шудаанд, ки дар қазияи куштор ҳамчун шоҳид бозпурсӣ ва бо гумонбарҳо рӯ ба рӯ гардидаанд. Вале пулиси Туркия то кунун ягон боздоштро дар чорчӯби тафтиши парвандаи сӯиқасд ба ҷони Қувватов тасдиқ ё рад накардааст.

Сӯҳроб Тӯраев, ки яке аз шоҳидон унвон мешавад, рӯзи 11 март дар сӯҳбати телефонӣ аз Истамбул ба радио гуфтааст, пулис ифшои шумори дақиқи боздоштшудаҳоро ба онҳо манъ кардааст, вале "сухан дар бораи теъдоди хеле бештар аз он 3 нафари эълоншуда меравад."

Тӯраев афзудааст, вай ва нафарони дигар, ки дар шаби сӯиқасд ба ҷони раҳбари "Гуруҳи 24" дар саҳнаи куштор буданд, 3 рӯз боз барои кӯмак ба ҷараёни тафтиш ба воҳиди зиддитеррори пулиси Истамбул даъват мешаванд ва дар чандин амалиёти рӯбарӯкунӣ бо афроди боздоштшуда ширкат кардаанд.

"Ман шуморашонро дақиқ гуфта наметавонам, вале хеле бештар аз он 3 нафари эълоншудаанд. Моро бо онҳо рӯбарӯ карданд. Бархеашро мешиносем, бархеашро таҳқиқ карда истодаем, ки бо кӣ робита доштанду бо чӣ роҳе ба қатли Ҳоҷӣ (Умаралӣ) ҷалб шудаанд", — гуфтааст Тӯраев.

Ба гуфтаи ин шоҳид ва якеи дигар аз афроди огоҳ аз ҷараёни тафтиши парвандаи қатли Умаралӣ Қувватов, яке аз боздоштшудаҳо ҳамон Сулаймон Қаюмов, нафарест, ки Қувватов шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз манзили иҷораи вай ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Бино ба иддаои наздикони Қувватов, Сулаймон Қаюмов дар ҷараёни тафтишот аллакай нақши худро дар ин сӯиқасд эътироф кардааст.

"Сулаймон ҳам хеле чизҳоро ба тафтишот гуфт, дигар нафарони боздоштшуда ҳам. Фикр мекунам, пулиси Туркия, ки дар ҳақиқат хеле кордон будааст, метавонад то 2 ё 3 рӯзи дигар ин ҷиноятро пурра ошкор ва исми ҳамаи нафарони дар он дастдоштаро маълум кунад", — илова кардааст Тӯраев.

Стамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд

Матбуоти Туркия рӯзи 9 март бо такя ба манобеи худ дар воҳиди вижаи зиддитеррори пулиси Истамбул аз боздошти 3 нафар, аз ҷумла як нафар бо номи Сулаймон дар робита ба қатли Умаралӣ Қувватов хабар дод. Бино ба ин гузоришҳо, ҳарсе боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке (Сулаймон) нақши ба фиреб ба дом овардани Қувватов, дувумӣ нақши назоратчиро иҷро кардаанд ва сеюмӣ бевосита Қувватовро бо тири туфангча ба қатл расондааст.

Матбуоти Туркия мегӯяд, писари 11-солаи Умаралӣ Қувватов шаби 5 март чеҳраи нафареро, ки ба тарафи падараш тир андохта буд, дидааст ва пулиси Туркия бар асоси шаҳодатҳои ӯ фотороботи қотилро сохтааст. Бархе расонаҳои туркӣ навиштанд, ки ин афрод дар ивази пул даст ба қатли раҳбари "Гурӯҳи 24" задаанд.

Сулаймон Қаюмов, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ аз рӯзи аввали қатли Умаралӣ Қувватов аз тарафи наздикони ӯ мавриди шубҳа қарор гирифт, чунки Қувватов шаби 5 март маҳз ҳангоми берун рафтан аз манзили ӯ кушта шуд. Ба гуфтаи наздикони раҳбари "Гурӯҳи 24", Сулаймон он шаб Қувватов ва зану фарзандони вайро гӯё барои ёдбуди марги падараш ба манзили худ даъват карда буд.

Вале тавре баъдан Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов ба расонаҳо нақл кард, онҳо ҳанӯз ҳангоми тановули хӯроки шом дар манзили Қаюмов эҳсос кардаанд, ки тамоми ғизоҳои ин зиёдфат, бо шумул ҳатто шарбатҳо таъми фавқулодда талхе доранд ва онҳо зоҳиран заҳролуд шудаанд. Қувватов баъди дарки ин ҳамроҳи муҳофиз ва зану фарзандонаш аз манзил берун рафт, вале дар кӯча ба сӯяш тир андохтанд.

Лентаи хабарҳо
0