ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Масоҷиди панҷвақтаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Cуғд барои таъмиру тармими беморхонаи руҳии ноҳия 40 ҳазор сомонӣ (наздик ба 7 ҳазор доллар) ҷудо кардаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин маблағҳо асосан барои харидории масолҳеи бинокорӣ сарф хоҳанд шуд.
"Дар назар аст, ҳамаи корҳои таъмирӣ то ҷашни Наврӯз анҷом ёбанд",-афзуд сарчашма.
Гуфта мешавад, барои харидории мебел ва дигар ҷиҳози зарурии беморхона аз буҷаи ноҳия маблағ ҷудо мегардад.
Беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз солҳои 70-уми қарни гузашта бунёд шуда, барои 20 нафар кати хоб дорад.