Дар шимоли Тоҷикистон беш аз 5 кило маводи нашъадор мусодира гардид

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкНашъа. Акс аз бойгонӣ
Нашъа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аснои баргузории як амалиёти мақомоти қудратӣ дар навоҳии Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд сокинони таҳҷойӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт гардида, аз онҳо дар маҷмӯъ беш аз 5 кило нашъа мусодира шуд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Рӯзи 10 март дар шимоли кишвар аснои як амалиёти муштарак мақомоти пулис беш аз 5 кило маводи мухадираро кашфу мусодира карданд, иттилоъ медиҳад сайти ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ   дар ноҳияи Спитамен шаҳрванд Маликасрор Наҷмиддинови 28-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор  дастгир гардид. Дар вақти  кофтукови  шахсӣ аз ӯ 588 ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бангдона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сокини Фархор бо миқдори зиёди нашъа дастгир гардид

Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз, дар ноҳияи Мастчоҳ шаҳрвандон- Ҳасан Носирови 39-сола ва  Бурҳонназар Назирови 41-сола, сокинони ҳамин ноҳия дастгир гардиданд. Дар вақти  кофтукови шахсӣ аз онҳо 3 килою 870 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 685 грамм бангдона дарёфт ва мусодира  карда  шуд.

Оиди далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Лентаи хабарҳо
0