ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Нахуствазири собиқи ФР, ҳамраиси ҳизби мухолифи РПР-ПАРНАС Михаил Касянов бар ин назар аст, роҳандозии таҳримоти Ғарб алайҳи Русия иқдоми дуруст аст, менависад РИА Новости.
"Мо, демократҳои рус комилан аз ин иқдом пуштибонӣ мекунем", — гуфт вай имрӯз зимни суханронӣ дар порлумони Аврупо. "Ва ман аз шумо даъват мекунам, ки алайҳи шахсони ҷудогона таҳримоте бештаре роҳандозӣ кунед", — изофа кард Касянов.
Ба гуфтаи вай, роҳандозии таҳримоти ҷадид алайҳи бахшҳои ҷудогонаи иқтисодиёт феълан, ки барои иҷрои тавофуқоти Минск нисбати Украина умедвориҳо пайдо шудаанд, чандон муассир нахоҳанд буд.
ИА ва ИМА тобистони соли гузашта алайҳи бархе аз бахшҳои иқтисоди Русия таҳримоте роҳандозӣ карданд. Дар посух Русия воридоти маводди ғизоӣ аз кишварҳое, ки алайҳаш таҳримот роҳандозӣ карданд, маҳдуд кард: ИМА, кишварҳои ИА, Канада, Австралия ва Норвегия.