ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Шаби гузашта бо бонги хатар низомиёни вазорати дифоъи Тоҷикистон ва гурӯҳҳои эҳтиётӣ аз 25 навоҳии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ба по бардошта шуданд, менависад хабаргузории CA-NEWS бо истинод ба маркази матбуотии вазорати дифоъ.
"Дар қаламрави вилояти Хатлони Тоҷикистон тамриноти кулли фармондеҳӣ оғоз шуданд, ки дар он беш аз 30 ҳазор сарбозон ва афсарони артиши миллӣ, эҳтиётиён аз шаҳрҳо ва навоҳии ҷануби кишвар ширкат мекунанд", — омадааст дар хабар.
Дар ин тамриноти кулл, ки то 14 март идома меёбад, беш аз 100 адад зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳо, васоили нақлияи бештаре аз ниҳодҳои давлатии вилоят истифода мешаванд.
Дар ҷараёни ин тамринот масоили ташкили дифоъи минтақавӣ, даъвати афсарон ва сарбозони эҳтиётӣ тамрин мешаванд. "Тибқи фарзияи ин тамринот, гурӯҳҳои мусаллаҳи созмонҳои байналмиллалии террористӣ марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда ба дохили қаламрави кишвари мо шомил мешаванд. Дар ин размоиш шеваи муҳосира ва маҳви террористони байналмиллалӣ, ки ба кишвари мо ворид шудаанд, тамрин мешаванд", — изофа карданд дар маркази матбуотӣ.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1344 километр марзи муштарак дорад. Қаблан, мақомоти Тоҷикистон борҳо аз зарурати тақвияти ҳифозати марз бо Афғонистон дар сурати эҳтимоли ташдиди авзо баъд аз ихроҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар изҳори назар карда буданд.
Дар моҳҳои ахир борҳо хабарҳо мабнӣ ба ташаннуҷи вазъият ва таҷаммӯъи ҷангҷӯён дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон расида буданд.