ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" навори видеоиеро пахш карданд, ки дар он кӯдаке ҷосуси эҳтимолии вижаи хадамоти ҷосусии Исроил "Моссад"-ро ба қатл мерасонад, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба иттилоъи гурӯҳи SITE, ки фаъолияти тундгароёни исломӣ дар интернетро пайгирӣ мекунад, дар навори видеоӣ корманди эҳтимолии "Моссад" бо исми Муҳаммад Исмоил аст.
Ба иттилоъи расонаҳо, мард дар бораи наҳваи ба "Моссад" пайвастанашро қисса мекунад.
Ҷангҷӯе, ки ҳукмро ба забони фаронсавӣ қироъат мекунад, ба куллияи яҳудитаборон дар Фаронса таҳдид мекунад. Сипас писарбачаи 12 сола дар назди ин мард истода ба сараш тир шиллик мекунад.
Расонаҳои исроилӣ ҳадс мезананд, ки сухан дар бораи арабтабори 19 сола Муҳаммад Саид Исмоил Мусаллам аз Байтулмуқаддаси Шарқӣ меравад.
Ин ҷавон баъд аз хатми 12 синф дар мактаб муддате дар хадамоти оташнишонӣ ихтиёрӣ буда, дар авохири соли гузашта аз манзилаҳ нопадид шуда ва сипас ба пайвандонаш хабар дод, ки тасмим гирифтааст шаҳид бишавад — яъне фидоие, ки барои ислом ҷон медиҳад, навиштааст рӯзномаи "Гааретс" бо истинод ба Муҳаммад Саид Мусаллам.