ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сокини 21-солаи вилояти Тошканд, ки ба унвони муттаҳами аслӣ дар қатли ровии телевизони Ӯзбакистон Раҳматилло Мирзоев дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда буд, дар даст доштани худ дар ин ҷиноят иқрор шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ВКД Ӯзбекистон.
Қаҳрамон Шоазизов, ки дар ин қатл муттаҳам аст, ба иттилоъи манбаъи хабаргузорӣ дар ВКД Ӯзбакистон, ба манзили ровӣ ба хотири дуздӣ ворид шудааст.
"Вале аз сӯйи қурбонӣ ошкор шуда сипас даст ба қатл задааст. Ин ҷавон Мирзоевро бо корд се маротиба зада ва дар ҳолати ҳарос талош кард, ки дар манзили вай паноҳ бубарад", — тавзеъ дод манбаъи хабаргузорӣ ва изофа кард, ки боздоштшуда ҳамчунин аз муътодӣ ранҷ мебурдааст.
Дар моҳи сентябри соли гузашта Мирзоев 60 солагии худро ҷашн гирифт. Вай ровии аслии барномаҳои иттилоъотӣ ва тадорукоти ҷашнии давлатӣ буд, ки аз сӯйи ширкати Миллии радоиӣ ва телевизонии Ӯзбакистон пахш мешуданд.