Сарбозони асири тоҷик ба умқи Афғонистон интиқол ёфтанд

© Flickr \ The U.S. ArmyҲарбиҳо. Акс аз бойгонӣ
Ҳарбиҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гаравгонгирҳо чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар марзи вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз нигаҳдорӣ мешуданд, аз марзи ин минтақа ба ҷои дуртар бурдаанд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Панҷ мегӯянд, як гурӯҳи гаравгонгири афғон чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар марзи вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз нигаҳдорӣ мешуданд, ахиран аз марзи ин минтақа ба ҷои дуртар бурдаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ду сӯи дарёи Панҷ - Sputnik Тоҷикистон
Ному насаби 4 марзбони асир эълон шуд

Мақомот ҳамчунин иттилоеро рад кардаанд, ки гӯё гурӯҳи гаравгонгир ба ивази озодии гаравгонҳои тоҷик раҳоии ҳамтоҳои худро аз маҳбаси Тоҷикистон талаб кардааст.

Фирӯзшоҳ Одинаев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ 10 март ба радио гуфтааст, воқеан шаҳрванди тақрибан 20-солаи Афғонистон Зариф Валади Ҳазратбӣ, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар боздоштгоҳи Қӯрғонтеппа ба сар мебарад, ба гурӯҳи гаравгонгир робитаи хешутаборӣ дорад, вале ҳеҷ кас иваз кардани ӯро бо гаравгонҳо матраҳ накардааст.

Одинаев гуфтааст, Толибон чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар хоки Афғонистон, наздик ба ноҳияи Панҷ будаанд, бинобар ноором будани авзоъ дар ин минтақа, ахиран ба маҳалли дуртар бурданд.

"Як нафарро, ки узви ҳамон гурӯҳ буд, баъди бурдани сарбозон бо маводи мухаддир боздошт кардем, ки хешовандони аъзои ҳамон гурӯҳ ҳаст, вале Толибон дар иваз аз мо чизе талаб накардаанд, онҳо ҳамин сарбозонро аз марз каме дуртар бурдаанд", — гуфтааст Фирӯзшоҳ Одинаев.

Пулиси ноҳияи Панҷ иттилоъ додааст, ки Зариф Валади Ҳазратбӣ, шаҳрванди Афғонистон як моҳ баъд аз ба гарав афтодани марзбонҳои тоҷик бо зиёда аз 14 килограмм маводи ҳероин боздошт шудааст.

Ба итттилои додситонии вилояти Хатлон, гаравгонҳои тоҷик, Фарҳод Каломов ва Тӯйчибой Нурбоеви 19-сола, Меъроҷ Шодиеви 21-сола ва Сироҷиддин Давлатови 24-сола 19 декабри соли 2014 дар канори рӯди Ому, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, ба асорати Толибон афтоданд.

Лентаи хабарҳо
0