Марҳилаи аввали парвози ҳавопаймо бо батареяҳои офтобӣ: аз Абу Дабӣ ба Мускат

Обуна шудан
Ҳавопаймои Solar Impulse 2,субҳи 9 март аз фурудгоҳи Абу Дабӣ ба ҳаво бархост, то бо истифода аз нируи батареяҳои офтобӣ гирди сайёраро давр занад. Навори зер дар ин бора аст.

Ҳавопаймои Solar Impulse 2, ки танҳо аз неруи офтоб қувва мегирад, дар пойтахти Умон- шаҳри Мускат бомуваффақият фуруд омад ва бо ҳамин марҳилаи аввали парвози гирди Сайёраро анҷом дод. Ҳавопаймо аз Абу-Даби рӯзи душанбе, соати 07:12 вақти маҳаллӣ парвоз кард (06:12 мск).

Ширкати фаронсавии Dassault Systеmes тарроҳ ва созандаи ин ҳавопаймо маҳсуб мегардад.

Пас аз танаффус ҳавопаймо ба самти Ҳиндустон парвоз хоҳад кард. Интизор меравад, тайи панҷ моҳи парвоз ин таҷҳизот 35 ҳазор километр масофаро тай кунад.

 
Лентаи хабарҳо
0