Пешбарии номзадҳо ба сенати Тоҷикистон охири ҳафта шурӯъ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНавиштаҷот дар даромадгоҳи КМИРТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Навиштаҷот дар даромадгоҳи КМИРТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
КМИР барои пешбарии номзадҳо ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ) се рӯз ҷудо кард, ҷараёни овоздиҳӣ бошад рӯзи 27 март сурат мепазирад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз 14 то 17 март баргузор мешавад, хабар медиҳад ОИ "Авеста" бо истинод ба КМИР. Интихоботи сенаторҳо 27 март ҷараён мегирад.

Теъдоди умумии аъзоёни МО ММ 33 нафарро ташкил медиҳад. Вакилон 25 нафари онҳоро аз минтақаҳои Душанбе ва вилоёти Суғду Хатлон, инчунин вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии тобеъи марказ пешниҳод мекунанд ва 8 тани дигарро президент таъин мекунад.

Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рӯйхати пурраи вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагон

Аъзои 34-ум ва доимии сенати Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти ҷумҳурӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0