ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дастаи "Ласточка"-и Душанбе ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон гардид, иттилоъ медиҳад сойти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои дафтари матбуотии ФФТ, дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, панҷ даста — «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Барқ» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ширкат карданд. Бозиҳо дар як давра баргузор шуданд.
Дастаи "Ласточка" —и Душанбе бо раҳбарии Сулаймон Бобокалонов, ки дар ҳар чор бозиаш бар тимҳои «Зебо» (3:0), «Вахш» (6:0), «Барқ» (4:0) ва «Регар-ТадАЗ» (5:0) ғолиб омад, бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.
Ҷойи дувум бо 9 имтиёз насиби дастаи «Барқ» гардид. Дастаи «Зебо" бо 6 имтиёз ҷойи севумро касб кард. Дастаҳои пешсаф мувофиқи ҷойҳои ба даст овардаашон бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ, инчунин либоси варзишӣ мукофотонида шуданд.
Беҳтарин дарвозабон Нигора Ҳайдаралиева («Ласточка»), беҳтарин ҳимоятгар Сахина Саидова («Зебо»), беҳтарин нимҳимоятгар Насиба Олимова («Барқ») ва беҳтарин ҳамлагар Гулсунбӣ Шарифова («Ласточка») бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.