Дарёфти ҷасади зан бо гардани бурида

© Sputnik / Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба мақомот муяссар гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат гумонбари қатли як занро боздошт кунанд. Ӯ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе буда, бо мақтул робитаи ҳамзистӣ доштааст.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе аз куштори як зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ба иттилои тафтишот дар заминаи рашк аз ҷониби ҳамзисти ҷавонаш содир шудааст, менависад сойти ВКД ҶТ.

Ба қавли манбаъ, 6-уми март шаҳрвандон аз дарёфти ҷасади Маҳина Амоншоеваи 52-сола бо гардани бурида дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт хабар доданд.

"Зимни чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби мақомот муттаҳам дар ин ҷиноят Убайд Эргашови 31-сола дастгир шудааст, ки бо марҳум ҳамзистӣ доштааст",-менависад сойти ВКД.

Мақомот мегӯянд, аз боздоштшуда далели шайъӣ — кордро мусодира намудаанд ва муайян шудааст, ки ӯ Маҳинаро дар заминаи рашк куштааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0