Дар Суғд ду ҳодисаи куштор дар ду рӯз ба қайд гирифта шуд

© Sputnik / Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд аз ду ҳолати куштор дар заминаи рашк хабар дода мақомот мегӯяд, гумонбарон дастгир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. куштори аввал дар ноҳияи Ашт ба вуқӯъ пайваста, ҳодисаи дуввум дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттифоқ уфтодааст, иттилоъ медиҳад сойти ВКД ҶТ.

"5 марти соли 2015, Қодиралӣ Ҷӯраеви 19-сола, сокини ноҳияи Ашт бинобар сабаби хусумати шахсӣ ва рашки оилавӣ доштанаш, ба назди ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Илҳомҷон Юсуфов, соли таваллудаш 1996 омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба шиками ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Аз ҷароҳати бардошта Юсуфов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-афзуд манбаъ.

Боздоштшуда дар пушти панҷара. - Sputnik Тоҷикистон
Сокини Ҳамадонӣ ба бародарзодаи 5-солааш дастдарозӣ кардааст

Дар куштори дувум, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров содир шудааст, як сокини ноҳияи Зафаробод муттаҳам мешавад. Ба иттилои сарчашма, 5 март дар назди фермаи мурғпарварии ҶДММ "Байзо" ҷасади шаҳрванд Наталя Гурина соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.

"Рӯзи 4 март Ойбек Ҳамзаеви 30-сола, сокини ноҳияи Зафаробод, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дар ҳолати мастӣ ба назди ферма омада, кӯшиши бо Гурина алоқаи ҷинсӣ намуданро кардааст, аммо Гурина Н. муқобилият нишон додааст. Шаҳрванд Ҳамзаев О. ба ғазаб омада, дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани охиронро дида, бо мақсади куштор, бо санг якчанд маротиба ба сару рӯи ҷабрдида зада ба ҳалокат расонидааст".

Айни замон нисбати ҳар ду гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0