ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Маблағи фурӯши саҳмияҳои "Казкоммертсбанк Қирғизистон" 146 миллиону 987 ҳазору 500 сом ($2 миллиону 396 ҳазору 773) шуд, хабар медиҳад "Ca-News".
Саҳмияҳои "Казкоммертсбанк"-ро Канат Мамакаев, ки раиси шӯрои "Казкоммертсбанк Қирғизистон" мебошад, харидорӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи биржаи саҳҳоми Қирғизистон, дар моҳи феврали соли 2015 203 амалиёт нисбати 9 008 083 саҳмия ба маблағи 174,41 миллион сом ($2 миллиону 842 ҳазору78) анҷом шудааст.
Мизони муъомилоти саҳмияҳои арзишҳояшон миёна дар моҳи феврали соли 2015 160,08 миллион сом ($2,60921) буд.
Муъомилоти саҳмияҳои "Казкоммертсбанк Қирғизистон" 93% куллияи фурӯши саҳмияҳорор ташкил дода бузургтарин амал мебошад. Саҳмияҳои оддии ин бонк ҳамагӣ дар як рӯз ба фурӯш рафтанд.
Дар моҳи феврал "Казкоммертсбанк"-и Қазоқистон саҳмияҳои худ дар "Казкоммертсбанк Қирғизистон"-ро ба далели ба ҳам омадан бо "БТА Банк" ва содда кардани фаъолияти ниҳодҳои зертобеаш бифурухт.
Дар ниҳоят "Казкоммертсбанк Қирғизистон" ҳудуди се миллион саҳмияҳои оддии худро ба фурӯш гузошт, ки беш аз 95% маблағи таъсисотиаш мебошад.