ММТ: арзиши хизматрасонӣ имсол 170 сомонӣ муайян гардид

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкИмтиҳони дохилшавӣ. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳони дохилшавӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо 50 дарсади маблағи муайяншударо – 85 сомонӣ пардохт мекунанд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik.  Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 170 (яксаду ҳафтод) сомонӣ муқаррар карда шудааст, иттилоъ медиҳад сойти Маркази миллии тестӣ.

Ба навиштаи манбаъ, тибқи тартиби муқарраргардида ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои мазкурро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо 50 дарсади маблағи муайяншударо — 85 сомонӣ пардохт мекунанд.

Соли гузашта бошад, арзиши хизматрасонии ММТ дар маҷмӯъ 150 сомониро ташкил медод.

Манбаъ меафзояд, довталабони имтиёздор бояд ҳангоми бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори зеринро пешниҳод кунанд: хатти вафоти падару модар (асл ва нусха) ва шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб (асл ва нусха) барои ятимони кулл; хатти вафоти падар ё модар (асл ва нусха) ва шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб (асл ва нусха) барои ятимон; ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будани довталаб, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусха).

Ба монанди соли қаблӣ довталабон бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории  "Амонатбонк" маблағи муайяншударо месупоранд ва расид дар бораи пардохтро ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод менамоянд.

Рӯйхати филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" бо нишониҳои онҳо дар сомонаи марказ ҷой дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0