Дар Хатлон Кумитаи иттифоқи касабаи хабарнигорон таъсис шуд

© Flickr \ Salim FadhleyЗаписи в блокноте
Записи в блокноте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустҷаласаи Кумитаи мазкур дар ноҳияи Қубодиён баргузор шуд ва онро дар Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ҳамчун шохаи 14-уми соҳавӣ пазируфтаанд.

ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии хабарнигорон Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ВАО такшил шуд, менависад TojNews.

Нахустҷаласаи Кумитаи мазкур дар ноҳияи Қубодиён баргузор шуд ва онро дар Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ҳамчун шохаи 14-уми соҳавӣ пазируфтаанд.

Раҳмоналӣ Давлатов, ки аз ташкилкунандагони Кумитаи иттифоқи касаба барои кормандони ВАО мебошад, мегӯяд, ки ҳоло ҳудуди 100 нафарро аъзо кардаанд, ки дар оянда шумораи онҳо бештар хоҳанд шуд.

"Қариб ҳамаи соҳаҳо Кумитаи итифоқҳои касаба доранд ба ҷуз ходимони матбуот, ба ин хотир ин идеяро барои кормандони ВАО пешниҳод кардем, ки ба хубӣ пазируфта шуд. Умед дорем, ки ин иқдом аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ низ дастгирӣ меёбад", — гуфтааст Давлатов.

Ташкилкунандагони Кумитаи иттифоқи касабаи хабарнигорон қасд доранд, ки дар оянда сафи аъзояшонро зиёд карда, дар баробари ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо барои ба истироҳат равон кардан ва дигар чорабиниҳо мусоидат кунанд.

Масъулин Иттифоқҳои касабаи кормандони ВАО ҳадаф доранд, ки бо даст додани имкон барои хабарнигорони ҷавон давраҳои омӯзиши забон ва кор бо техналогяҳои муосирро роҳандозӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0