ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Мошине, ки онро дар чорчӯби таҳқиқи қатли мухолиф Борис Немтсов ҷустуҷӯ мекунанд, моли ниҳоди мустақили ФГУП аст ва он дар хидмати вазорати молияи Русия қарор дорад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии вазоратхона.
"Мошини Ford, ки дар борааш сӯҳбат меравад, моли вазорати молия намебошад. Ин мошини идораи таъмини амният, ниҳоди мустақили ФГУП аст, ки ба вазорати молия, корхонаи тавлиди пул ва дигар муассисот хидмат мекунад", — гуфтанд ба РИА Новости дар маркази матбуотии вазоратхона.
Тибқи шарҳи вазорати молия, ба ҳангоме, ки мошини ФГУП аз пул убур мекард, он ҷо аллакай мошини пулис ва маъмурони интизомӣ қарор доштанд.
Рӯзи чаҳоршанбе шабакаи телевизионии LifeNews хабар дод, ки дар чорчӯби таҳқиқи ин парванда мошини вазорати молия ҷустуҷӯ мешавад.
Хабарнигорон изҳор доштанд, ки бо ронандаи ин мошин дар тамос шуданд ва ӯ гуфтааст, ки аз маҳалли ҳодиса баъд аз вуқӯъи қатл убур кардааст.