Расонаҳо: Порошенко ваъда дод, ки тиҷораташро мефурӯшад, вале накард

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкТорти киевии ширкати"Roshen". Акс аз бойгонӣ
Торти киевии ширкатиRoshen. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи гузориши нашршудаи Roshen, соли гузашта фоидаи корхонаи қаннодии марбут ба Порошенко 1,4 миллион доллар будааст. Тибқи иттилоъи Forbes, Порошенко дар феҳрасти сарватмандтарин афроди кишвар ҷойгоҳи ҳафтумро касб кардааст.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Петр Порошенко "тоҷир ва миллиардер" боқӣ мондааст, ҳарчанд қавл дода буд, ки корхонаи "Roshen"-ро, ки арзишаш 1,5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, мефурӯшад, менависад РИА Новости бо нашри матлаби расонаи олмонии Handelsblatt.

Рӯзнома ёдовар мешавад, ки раиси ҷумҳурии Украина дар ду мусоҳибаи худ бо рӯзномаи Bild изҳор дошта буд, ки қасд дорад тиҷорати худро бифурӯшад. Дар мусоҳибаи нахустини худ ҳанӯз то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Порошенко "тантанавор қавл дода буд", ки дар сурати пирӯзиаш корхонаашро ба фурӯш мегузорад.

Дар моҳи ноябр, ки Порошенко аллакай раиси ҷумҳур буд, вай Bildро мутақоид сохт, ки қарордоди фурӯши Roshen дар зудтарин фурсат имзо хоҳад шуд.

Handelsblatt зикр мекунад, ки тибқи гузориши мунташиршудаи Roshen, соли гузашта алорағми амалиёти низомӣ дар қаламрави Украина суди ширкат 1,4 миллион доллар шудааст.

Ба ҷуз аз корхонаи қаннодӣ Порошенко дар бонкҳо ва ширкатҳои бима саҳмия дорад шабакаи телевизионии "Пятий канал" моли вай мебошад. Ин шабакаро Порошенко нахост бифурӯшад, зеро ба гуфтаи вай, "ин амр барои кишвар хатарнок аст".

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури Украина саҳмияҳои ширкати киштисозӣ ва ширкати тавлидкунандаи қиём ва бошгоҳи варзиширо дар ихтиёр дорад.

Тибқи иттилоъи Forbes, Порошенко дар феҳрасти сарватмандтарин афроди Украина ҷойгоҳи ҳафтумро касб кардааст.

Лентаи хабарҳо
0