Рӯзҳои синамои тоҷик дар Озарбойҷон баргузор мешаванд

© Sputnik / В. Киселев / Гузариш ба медиабонкНамое аз шаҳри Боку. Акс аз бойгонӣ
Намое аз шаҳри Боку. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чорчӯби ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузории рӯзҳои синамои тоҷик дар он кишвар дар назар аст ва намояндагони кинои тоҷик филмҳои ҳунарию мустанадро намоиш хоҳанд дод.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аз 10 то 14 марти соли равон дар Озарбойҷон рӯзҳои синамои тоҷик баргузор мешавад, навиштааст сойти Вазорати фарҳанги ҶО.

Шоми 10 март дар шаҳри Боку, дар кинотеатри "Низомӣ" расми ифтитоҳи ҷашнвора сурат мегирад. Рӯзи аввал барои меҳмонон намоиши филми ҳунарии "Муаллим"-и таҳиягар Носир Саидов дар назар аст.

Дар ҷараёни чорабинӣ панҷ филми ҳунарӣ ва панҷ филми мустанади тоҷикӣ пешниҳоди тамошобинон мегардад.

Роҳбарони киностудияи "Тоҷикфилм", коргардон Носир Саидов, киношинос, доктори улуми фалсафа Саъдулло Раҳимов, ҳунарманди мардумӣ Сайрам Исоев ва ҳунарпешаи ҷавон Абдукарим Машрабов синамои тоҷикро дар ҷашнвора намояндагӣ хоҳанд кард.

Рӯзҳои кино дар асоси "Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ҳамкориҳо байни ҳукуматҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон  сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0