ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҳашт тим ба давраи ниҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон раҳ ёфтанд ва барои соҳиб шудан ба 45 ҳазор сомонии ҷоиза талош мекунанд, хабар медиҳад маркази матбуотии ФФТ.
Тимҳо дар пайи мусобиқоти муаддамотӣ интихоб шуданд. Ба ин тартиб, ба гурӯҳи "А" тимҳои ССКА "Помир" (Душанбе), "Хайр" (Ваҳдат), "Хуҷанд" ва "Данғара" шомил шуданд.
Ба гурӯҳи "Б" тимҳои "Истиқлол" (Душанбе), "Қайроққум", "Равшан" (Кӯлоб) ва "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) бозӣ хоҳанд кард.
Тимҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойгоҳи аввалу дуввумро соҳиб мешаванд дар бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоӣ ҷоизадорони мусобиқотро мушшахас мекунанд.
Дар соли ҷорӣ ҳазинаи ҷоизаи Ҷоми Федератсия 45 ҳазор сомонӣ аст. Тими пирӯзи мусобиқа ба ҷуз аз ҷом 20 ҳазор сомонӣ дарёфт мекунад. Тими ҷойгоҳи дуввумро касб карда 15 ҳазор сомонӣ ва тими ҷойи севвум 10 ҳазор сомонӣ мегирад.
Бозии нахустин рӯзи чаҳоршанбе соати 15:00 дар варзишгоҳи изофии варзишгоҳи марказии Душанбе миёни тимҳои "Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ" оғоз мешавад.
Бозиҳои давраи ниҳоии Ҷоми ФФТ умдатан дар варзишгоҳи аслии пойтахт баргузор мешаванд.