Мизони суди қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январ боло рафтанд

© Flickr \ Ken TeegardinРушд
Рушд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонкҳои Тоҷикистон мизони судҳои қарзҳоро афзоиш медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки мизони қарзҳои бозпас дода нашуда ва бақияи пулҳо дар ҳисобҳои бонкӣ афзоиш ёфтаанд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Мизони суди қарзҳо дар моҳи январ дар муассисоти қарздиҳии Тоҷикистон дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2014 бо пули миллӣ ба 5% ва бо арзи хориҷӣ ба 3% афзоиш ёфтаанд, омадааст дар хабари Бонки миллии Тоҷикистон.

Мизони миёнаи қарзҳо дар бонкҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба пули миллӣ 26,52% ва бо арзи хориҷӣ 23,67% солона шудааст. Дар моҳи декабри соли 2014 мизони миёнаи судҳо муодили 20,23% ба сомонӣ ва 20,04 ба арзи хориҷӣ буд.

Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 мизони суди қарзҳо ба арзи хориҷӣ ба ҳисоби миёна 2% афзоиш ёфта ва ба сомонӣ дар сатҳи пешина боқӣ мондааст.

Хабар дода мешавад, ки мизони умумии қарзҳои бозпас надодашуда дар бонкҳои Тоҷикистон дар моҳи аввали соли 2015 9 миллиарду 903,8 миллион сомонӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29,1% бештар мебошад.

Аз маблағи умумии қарзҳои бозпас надодашудаи бонкҳо 3,9 миллиард сомонӣ ба пули миллӣ буда ва 5,9 миллиард ба арзи хориҷӣ будааст.
Дар моҳи январ ҳамчунин раванди афзоиши қарзҳои дарозмуддат мушоҳида шудааст, ки ҳаҷмаш ба 4 миллиарду 766,5 миллион сомонӣ расидааст.

Мизони қарзҳои кӯчаки ироъашуда дар моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамчунин раванди афзоиш дошта ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 6,7% бештар шудааст. Аз ҷумла 88,5 миллион сомонӣ қарзҳо дар навоҳии дурдасти кӯҳистонӣ ироа шуда рушди 0,2% доштааст.
Мизони боқимондаи пулҳои ширкатҳо ва афроди ҷудогона дар муассисоти молии ҷумҳурӣ баъд аз натиҷагирии моҳи январ ба 17,7% афзоиш ёфта 6 миллиарду 639,7 миллион сомонӣ шудааст.

Аз ин миқдор 2,1 миллиард сомонӣ ба пули миллӣ буда 4,4 сомонӣ ба арзи хориҷӣ аст.

Бақияи пули муассисот 36,1% ва афроди ҷудогона 63,8% будааст. Мизони миёнаи суди пулҳои дар бонкҳо гузошташуда 15,24% ба пули миллӣ аст, ки дар муқоъиса бо моҳи декабри соли гузашта ба 1% ва 11,81% ба рази хориҷӣ бештар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0