Ҳушдори обуҳавошиносон аз тармафароӣ дар бархе аз манотиқи кишвар

© Sputnik / Амир ИсаевҶоддаи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносон дар мавриди гарм шудани ҳаво ва ба ин сабаб фаромадани тарма дар манотиқи кӯҳистони кишвар ҳушдор медиҳанд. Ба қавли манбаъ, шурӯъ аз 8 март дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон боридани борон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Се рӯзи оянда — аз 4 то 6-уми март дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва роҳи Хоруғ-Ҷелондӣ фаромадани тармаҳо дар назар аст, иттилоъ медиҳад Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои ин ниҳод хатари бештари фаромадани тармаҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ,  аз километри 50-ум то нақби Истиқлол ва ағбаҳои Шаҳристону Анзоб вуҷуд дорад. Мақомот бо зикри ин ҳушдор аз шаҳрвандон даъват намудаанд, ки эҳтиёткор бошанд. Ин дар ҳолест, ки дар барфрезиҳои ахири Тоҷикистон дар роҳи Душанбе — Чаноқ 5 нафар бар асари фаромадани тарма ҷон доданд.

Ба қавли манбаъ, ҳаво дар водии Хатлон +17, дар доманакӯҳҳо то +13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ВМКБ шабона  - 12 то — 17 дараҷа сард гардида, рӯзона —3 то —8 дараҷа хунук мешавад. Дар пойтахт ва навоҳии тобеъи марказ гармии ҳаво дар рӯзҳои баъдӣ то +16 дараҷа хоҳад расид.

Рӯзи 8 март, дар "Рӯзи модарон" ҳавои гарми бебориш дар назар буда, боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0