ВКХ Белорус: Бишкек набояд ба умури мо мудохила кунад

© wikimedia.org/HomoatroxВазорати корҳои хориҷии Белорус. Акс аз бойгонӣ
Вазорати корҳои хориҷии Белорус. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти расмии Минск аз шарҳи бархе аз изҳороти мақомоти Қирғизистон худдорӣ карда, онҳоро эҳсосотӣ ва ношоям ба раҳбари кишвари маданӣ номиданд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Белорус далелеро барои шарҳ додани изҳороти таҳқиромези раҳбарияти Қирғизистон нисбати кишварашро намебинад, омадааст дар баёнияи ин ниҳод.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев аз ҳамтои белоруси худ Александр Лукашенко ва мақомоти маҳаллӣ даъват кард, ки раиси ҷумуҳури собиқ Қурманбек Боқиев ва бародараш Жанибек (Жаниш) Боқиевро, ки дар қатли чеҳраи саршиноси ҷиноии қирғиз Алмамбет Анапияев дар Минск муттаҳам мешавад, ба Бишкек истирдод кунанд.

"Ҳеҷ кас бидуни ҳукми додгоҳ наметавонад дар судури ҷинояте муттаҳам шавад… Вале мушоҳида мешавад, ки низоми додгоҳии Қирғизистон вижагиҳое дорад", — изҳор доштанд дар вазорати хориҷа.

"Ниҳодҳои зидахли Белорус умури худро ба дурустӣ анҷом дода талош доранд, ки омилони қатли эҳтимолии шаҳрванди Қирғизистон ошкор ва боздошт шаванд. Мудохилаи афроди бегона, аз ҷумла раҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба умури ниҳодҳои интизомӣ қобили қабул нест", — омадааст дар баёния.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе вазорати умури хориҷаи Қирғизистон низ боздошт ва истирдоди Жанибек Бақиев ва ҳамроҳонашро тақозо карда буд.

Анапияев соли 2003 дар Қирғизистон барои 8 сол ба иттиҳоми дуздӣ равонаи зиндон шуда буд. Вале баъд аз се сол дар замони раёсати ҷумҳурии Боқиев ӯро қабл аз мӯҳлат озод карданд. Тибқи иттилоъи ахир, чеҳраи ҷиноӣ дар Дубай ба сар мебурд.

Қурмонбек Боқиев бо аҳли хонаводааш баъд аз инқилоби соли 2010 фирор ва дар Белорус паноҳгоҳ пайдо кард.

Лентаи хабарҳо
0