Видоъ бо Борис Немтсов

Обуна шудан
Дар Маскава маросими ҷанозаи сиёсатмадор Борис Немтсов, ки шаби шанбе дар маркази пойтахти Русия ба қатл расид, баргузор гашт. Дӯстон, пайвандон ва ҳамандешони сиёстамадор дар маросими ҷанозаи ӯ ширкат доштанд.

Дар Маркази ба номи Сахаров дар Маскав маросими видоъ бо сиёсатмадори маъруф Борис Немтсов сурат пазируфт. Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар наздикии Кохи Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт.

Дар маросими видоъ раиси ширкати “​Роснано” Анатолий Чубайс, раҳбари “Росатом” Сергей Кириенко, собиқ вазири молия Алексей Кудрин ва чанд тан аз вакилони Думаи давлатӣ ширкат доштанд. 

Ҷанозаи Борис Немтсов рӯзи 3 март дар оромгоҳи Троекуровскии Маскав дафн карда мешавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0