ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Мақомоти пулиси вилояти Суғд аз ифшои як ҳолати тамаъҷӯии сокини 17-солаи шаҳри Конибодом хабар доданд, менависад сомонаи ВКД.
Рӯзи 2-юми март дар шаҳри Конибодом хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир гардид, омадааст дар сомона. Боздоштшуда дар он муттаҳам мешавад, ки акси як толибаи 15-солаи мактабашро гирифта, бо "фотошоп" онро аз миён боло урён мекунад ва бо таҳдид маблағ талаб мекунад.
Мақомот мегӯянд, муттаҳам таъкид намудааст, ки агар хонанда маблағро надиҳад, акси нимбараҳнаи ӯро ба воситаи шабакаи интернетӣ паҳн намуда, ӯро бадном месозад.
Дар пайи чунин таҳдид, рӯзи 14 феврал духтари ноболиғ ба И.У. ба воситаи рафиқаш маблағи 100 сомониро додааст.
"И.У. бошад, рӯзи 19 феврал аксҳои мазкурро ба телефони мобилии ҳамсинфаш ноболиғ Ҳ.М. соли таваллудаш 1998, ирсол намудааст, ки минбаъд он паҳн мегардад", — навиштааст сомона.
Тибқи иттилои манбаъ, баъди воқиф гаштан аз ин ҳодиса, модари ноболиғ Н.П. ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст ва феълан нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.