https://sputnik.tj/20150303/1014635975.html
"Маликаи хуфта" дар Душанбе
"Маликаи хуфта" дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи гузашта дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт саҳнаи деринтизори "Маликаи хуфта" дар иҷрои ҳунармандони даъватшуда аз Кохи давлатии... 03.03.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-03-03T16:15+0500
2015-03-03T16:15+0500
2015-03-03T16:15+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101463/31/1014633138_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_e6b065f4e93a0ad91037ec2d097f6cc6.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, ҳамаи хабарҳо
"Маликаи хуфта" дар Душанбе
Ҳафтаи гузашта дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт саҳнаи деринтизори "Маликаи хуфта" дар иҷрои ҳунармандони даъватшуда аз Кохи давлатии Кремл ба намоиш даромад.
Ин балет, ки дар он ҳунармандони театри "Балети Кремл" ("Кремлёвский балет") Михаил Евгенов ва Ирина Аблитсова, Вячеслав Губанов, сардирижёри театри опера ва балети Челябинск нақш бозиданд, ба 175 солагии мавлуди оҳангсоз Пётр Чайковский бахшида шуда буд.

Дар қалъаи шоҳ Флорестан ид аст- дар хонаводаи ӯ духтаре бо исми Аврора таваллуд шуд.

Ба ин муносибат ба қасри шоҳ аз дуру наздик меҳмонони олиқадр ташриф меоранд ва ҳар кадоме барои маликаи хурдакак тӯҳфаи гаронбаҳо ҳадя меорад.

Аммо ба ин ҷашн ҷодугари пир Карабос (Александр Бахман)-ро даъвати накардаанд ва ӯ худаш бе даъват ба қаср ҳозир шуд. Ва бо худ "тӯҳфа" барои малика овард- зебосанам дар 16 солагӣ ин дунёро падруд хоҳад гуфт...аз халидани сих

Ҷодугарро аз қаср пеш мекунанд, шоҳро мӯътақид месозанд, ки Аврора аз сари нав зинда мешавад ва табобат меёбад.

Ҳамакнун Аврора(Ирина Аблитсова)ба синни 16 қадам гузошгт. Дар қаср ид идома дорад, шоҳзодаҳои зиёде дар сар ҳавои тасхир кардани дили маликаро доранд.

Дар байни меҳмонон зани миёнсоле буд. Ӯ ба Аврора гулдаста ҳадя кард.

Дар байни гулдаста сих пинҳон карда шудааст. Мутаасифона, аз ин сих Аврора ҷароҳат мебардорад ва ба хоб меравад. Дар баробари ӯ ҳамаи аҳли қасри шоҳӣ низ.
Маликаро баъди сад сол шоҳзодае наҷот медиҳад.

Баъди сад сол.Дар наздикии қасри валангори шоҳӣ шоҳзодаи ҷавону зебо Дезире (Михаил Евгенов)шикор мекунад. Ба назди ӯ ҷодугар Фея Сирени (Мария Левитская)ҳозир мешавад ва ӯро ба хоб меандозад.

Дар хобаш шоҳзода Дезире мебинад, ки Карабоси ҷодугар қасди рабудани малика Аврорарор дорад.Ӯ ба кох ворид гардида, маликаро мебӯсад.

Ҷоду рафъ мешавад, ҳаёт дубора ба қаср бармегардад, боз ҷашну маросим оғоз мешавад.Дар ҷашни арӯсӣ ҳама, ҳайвоноту паррандаҳо, хизматгорон суруд мехонанд ва рақсу бозӣ мекунанд.