ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Маҳмадулло Қурбонов, бародари хонандаи зиндаёди тоҷик — Кароматуллоҳи Қурбон дар сини 59-солагӣ даргузаштааст, менависад оҷонсӣ "Озодагон".
Яке аз дӯстони Маҳмадулло Қурбонов ба оҷонсӣ гуфтааст, вай ҳудуди як моҳ дар беморхона бистарӣ буд ва субҳи сешанбеи 3 март аз олам чашм пӯшидааст.
"Қарор аст маросими видоъ, пешини сешанбеи 3 март дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шавад", — менависад оҷонсӣ.
Маҳмадулло Қурбонов дар гузашта ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар Данғара кор мекардааст ва баъди кушта шудани Кароматуллоҳи Қурбон ба зодгоҳаш, рустои Партизани Сурх, ҳоло Чорсуи ноҳияи Рӯдакӣ бармегардад.
Ӯ овозхонӣ ҳам мекард ва чанд сурудаш хеле маъруф ҳам шуда буд. Ҳамсуҳбати оҷонсӣ гуфтааст, вай бо Кароматуллоҳ низ таронаҳои муштарак дорад.