Раҳмон ва Лебедев натоиҷи интихобот дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookДидори Раҳмон бо Лебедев
Дидори Раҳмон бо Лебедев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки интихоботи порлумонии 1 март дар Тоҷикистон ба наҳваи демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои қавонини миллӣ баргузор шуданд.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Натоиҷи интихоботи порлумонии 1 март дар Тоҷикистон меҳвари аслии дидори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари комитети иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев буд, зикр шудааст дар сойти раҳбари кишвар.

Раиси ҷумҳур Лебедевро, ки дар Душанбе ба унвони раҳбари ҳайъати нозирони интихоботӣ аз ИДМ қарор дорад, баъд аз зуҳри рӯзи дуввуми март ба ҳузур пазируфт.

Дар ин дидор масоили омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумонӣ дар кишвар матраҳ шудаанд. Ҳамчунин дар ин дидор Лебедев ба Раҳмон натоиҷи назорати ҳайъати нозирон аз ИДМ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро ироъа карда таъкид дошт, ки аз раванди ин интихобот 257 намоянда аз 9 кишвари узви Иттиҳод назорат кардаанд.

Нозирони ИДМ: итихобот шаффоф ва демократӣ гузашт

Ба гуфтаи Лебедев, интихобот дар Тоҷикистон ба наҳваи демократӣ, шаффоф ва бо риояи меъёрҳои қавонини миллӣ баргузор шуданд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Ба ҷуз аз мавзӯъи интихоботи порлумонӣ дар ин дидор ҳамчунин масоили рушди равобити кишварҳои ИДМ ва нақши Тоҷикистон дар Иттиҳод матраҳ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0