ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Рӯзи якшанбеи гузашта бо иттиҳоми фурӯши кӯдаки навзод сокини 29-солаи ноҳияи Турсунзода боздошт гардид, менависад сойти ВКД ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд М.Д, 19 августи соли 2013 дар таваллудхона кӯдаки солими ҷинсаш занро ба дунё оварда, ба шаҳрванди 34-сола Р.М, сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 420 сомонӣ фурӯхтааст.
Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар се ҳафтаи ахир ин сеюмин ҳолати ошкорсозии хариду фурӯши кӯдак аз ҷониби мақомоти дохила аст. ВУД рӯзҳои 18 ва 23 феврал низ аз боздошти сокинони шаҳри Ваҳдат ва Душанбе бо иттиҳоми хариду фурӯши кӯдак хабар дода буд.