ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раиси ФИФА Йозеф Блаттер изҳор дошт, ки агар мушкили нажодпарастӣ ва русгароӣ дар футболи Русия ҳал нашавад, эҳтимол дорад таҳримоте рӯйи даст гирифта шаванд, менависад РИА Новости.
Созмони "Футбол алайҳи нажодпарастӣ дар Аврупо" (FARE) гузоришеро дар бораи мушкилоти нажодпарастӣ ва русгароӣ дар футболи Русия мунташир кард.
"Ман дар бораи ин гузориш иттилоъ дорам. Мо нигарон ҳастем. Мо бо онҳо барномаи бузурги омӯзиширо оғоз кардем. Агар ин раванд қатъ нашавад, таҳримотеро роҳандозӣ мекунем", — гуфт Блаттер, ки онро АП иқтибос овардааст.
Дар гузориш 200 мавриди амалҳои хушунатомез дар варзишгоҳҳои Русия ва берун аз он дар ду мавсими ахир, аз ҷумла 72 мавриди намоиши рамзҳои фашистӣ ва 22 мавриди амали алайҳи қавқозитаборҳо зикр шудаанд.
Муаллифони гузориш мутмаин нестанд, ки амнияти меҳмонон ба ҳангоми баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии соли 2018, ки дар Русия бояд баргузор шавад, таъмин мешуда бошад.
Аз ҷумлаи иқдомоти машваратӣ пешниҳод шудааст, ки барои аъмоли хушунатомез таҳримот роҳандозӣ шуда барномаи умумимиллии муқобала бо хушунатҳо ва фаъолияти гурӯҳҳои тундгаро тасвиб шавад.