Баъди эълони натиҷаи интихобот ҲНИТ ҷаласа доир кард

© Sputnik / Амир ИсаевИнтихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонӣ дар зуҳри рӯзи 2 март, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби мухолиф ҷаласа дорад. Масъулони ҳизб гуфтаанд, вокуниши худро баъд аз баргузории ҷаласаи Шӯро эълон мекунанд.

ДУШАНБЕ, 2 март — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи интихобот розӣ нест ва хулосаи муфассалашро дар пайи анҷоми Шӯрои сиёсӣ эълон хоҳад кард, навиштааст оҷонсии "Озодагон".

Дар пайи эълони натиҷаи муқаддамотии интихобот, ки ҲНИТ бо касби 1,5 дарсади овозҳо ба парлумон роҳ наёфт, ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват гардид, ки феълан пушти дарҳои баста идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қабл аз зуҳри имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии рӯзи якуми мартро эълон кард.

Ба иттилои ин ниҳод, ҲХДТ, ҲАТ, ҲИИТ ва ҲСТ ҳадди панҷдарсадиро убур карда ва дар парлумони оянда курсӣ хоҳанд дошт. Ба эълони натиҷаҳои муқадамотӣ раҳбарон ва фаъолони аҳзоби сиёсӣ ба таври мухталиф вокуниш карданд.

Лентаи хабарҳо
0