Ҷоми ФФТ: чаҳоргонаи аввал маълум шуданд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкТӯби футбол. Акс аз бойгонӣ
Тӯби футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳор дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баъди анҷоми мусобиқаи минтақавӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд маълум шуданд ва чаҳоргонаи дуввум баъди бозиҳои минтақаи Душанбе эълом мешаванд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Данғара» (Данғара), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Қайраққум» (Қайроққум)  ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ мушарраф шуданд, иттилоъ медиҳад сойти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба қавли манбаъ, чаҳор дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоӣ баъди анҷоми мусобиқаи минтақавӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд маълум шуд. Дар вилояти Хатлон 10 даста барои ду роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ мубориза бурд. Дар бозии ниҳоии марҳилаи пешакӣ «Равшан» ва «Данғара» рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони Кӯлоб хотима ёфт. Голи ягонаро Фирӯз Раҳматов ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тавр, ба дастаҳои«Равшан», «Данғара», «Хуҷанд» ва «Қайроққум» дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ҳамроҳ мешаванд. Дар ин минтақа бозиҳои даври охирин имрӯз, 2-юми март барпо мегарданд: «Кӯктош» (Рӯдакӣ) — «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Локомотив» (Душанбе) — ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Истиқлол» (Душанбе) — «Хайр» (Ваҳдат).

Бояд гуфт, ки новобаста аз натоиҷи бозиҳои даври охирин дастаи "Истиқлол", ғолиби феълии Ҷоми ФФТ, пешакӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтааст. "Истиқлол" дар ҳамаи 4 бозӣ пирӯз шуда, 12 имтиёз ба даст овардааст. Дарвоқеъ, душанбегиҳо ба дарвозаи рақибонашон 33 тӯб зада, аз дарвозаи худ ягон тӯб сар надодаанд.

Ҳаҷми ҷоизаи имсолаи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомонӣ аст. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ, 15 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд. 

Лентаи хабарҳо
0