Дар Афғонистон мотами серӯза эълом шуд

© AP / Rahmat GulСокини зиндамондаи Панҷшер баъд аз резиши баҳман дар назди маскани худ. 1 марти соли 2015 дома. 1 марта 2015 года
Сокини зиндамондаи Панҷшер баъд аз резиши баҳман дар назди маскани худ. 1 марти соли 2015 дома. 1 марта 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи офатҳои табиъйӣ дар шимолу шарқи Афғонистон садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд, мақомоти Кобул барои гиромидошти хотири кушташудагон ва осебдидагони резиши баҳман ва селобҳо мотами серӯза эълом карданд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои гиромидошти хотири қурбониёни резиши баҳман мотами серӯза эълом кард, хабар медиҳад пойгоҳи хабарии "Аfghanistan.ru".

Ғанӣ ҳамчунин аз вилояти шарқии Панҷшер, ки аз офоти табиъйӣ бештар осеб дид, дидан кард.

Ба гуфтаи муъовини волии вилояти Панҷшер Абдул Хабир Бахшӣ, дар пайи резиши сахти барф 5 минтақа осеб дида чанд маскан тахриб ва роҳҳои иртиботӣ масдуд шудаанд.

Вай зикр кард, ки барои рафъи авоқиби резиши баҳман талошҳое анҷом мешаванд. Дар канори Панҷшер, зери қабатҳои барф вилоёти Бадахшон, Бағлон, Тахор ва Бомиён низ мондаанд.

Ба иттилоъи "Ca-News" тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф дар пайи резиши баҳманд дар Афғонистон беш аз 230 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд.

Созмонҳои масъули ироъаи кӯмакҳо ва масъули умури наҷот таъкид мекунанд, ки теъдоди қурбониён метавонад афзоиш ёбад, зеро резиши баҳман ва селобҳо метавонанд дар манотиқи дигари кишвар низ мушоҳида шаванд.

Рӯзи ҷумъа маркази матбӯъотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон матни барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар робита ба кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон дар пайи офоти табиъйиро мунташир кард.

Лентаи хабарҳо
0