ВАО: ду номзади ҲСДТ дар Конибодому Бадахшон мағлуб шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевВ офисе СДПТ. Архивное фото
В офисе СДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шокирҷон Ҳакимов дар Конибодом ва Алим Шерзамонов дар Бадахшон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки ба далели “ношаффофии интихобот” эшон пирӯз нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ гуфта буд, бар пирӯзии ин ду номзадаш эътимод дорад.

ДУШАНБЕ, 2 март — Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Конибодом мегӯяд, аз тақаллубҳои интихобот ба КМИРТ шикоят мебарад, навиштааст оҷонсии "Озодагон".

Ҳакимов ба оҷонсӣ гуфтааст, раванди интихобот дар ҳавзаи мазкурро ғайришаффоф арзёбӣ мекунад ва аз ҳолатҳои зиёди тақаллуб ва фишор ба нозирон ва раъйдиҳандаҳо нигарон аст. Ба гуфтаи ин номзад, гӯиё пирӯзии вай ба мардум боиси нигаронии президент ва шурӯи ҷанг дар кишвар арзёбӣ шуда, аз интихобкунандаҳо хостаанд, то ба ҷонибдории номзади ҲХДТ овоз диҳанд.

"Раванди интихобот нишондод, ки дар Тоҷикистон ё иродаи сиёсӣ нест ё усули дугона вуҷуд дорад ва ба ғайр аз президент дигар доираҳои мушаххас манфиатҳои худро пиёда мекунанд, ки ҳадафи онҳо муташанниҷ гардонидани вазъ ва беобрӯ кардани раисҷумҳур низ ҳаст", — илова кардааст Ҳакимов.

Номзади худпешбари ҲСДТ мегӯяд, бар асоси раванди иштирок ва баргузории вохӯриҳо бо интихобкунандаҳо ва руҳияи сокинон бояд беш аз 80 дарсади раъйи мардумро ба даст меовард.

"Агар теъдоди иштирокдорони вохӯриҳо ва руҳияи мардумро ба назар гирем, ман бояд беш аз 80 дарсад овоз гирам, аммо инҳо кушиш мекунанд, то овозҳои ба ман додашударо 10 фоиз нишон диҳанд. Ин гуна баргузории интихоботро дар Конибодом ё умуман мислашро дар Тоҷикистон шояд касе надида буд", — гуфтааст Ҳакимов.

Рақиби аслии Шокирҷон Ҳакимов дар ин ҳавза Равшан Раҷабов номзади ҲХДТ буд.

Ҳамзамон, номзади дигари ҲСДТ дар вилояти Бадахшон Алим Шерзамонов, аз ҳавзаи якмандатаи Хоруғ-41 эътироф мекунад, дар баробари ҳарифаш Акрамшо Фелалиев, номзад аз ҲХДТ шикаст хӯрдааст. Дар ин бораи вай ба оҷонсии TojNews иттилоъ додааст.

Вай дар як тамоси телефонӣ гуфтааст, ки "интихоботро шаффоф номида наметавонад, аммо далели қатъие барои шикоят бурдан низ дар аст надорад". Ба гуфтаи Шерзамонов, мардум зери фишор ба ҷонибдории вай раъй надодаанд.

Қаблан Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, дар сурати шаффоф баргузор шудани интихобот, ба пирӯзии ин ду номзади ҳизбат эътимод дорад.

Лентаи хабарҳо
0