Ин навор тариқи дурбини назоратӣ бардошта шуда, сония ба сония лаҳзаҳои кушторро қайд кардааст.
Аснои ҳамла ба сиёсатмадори мухолифи Русия Борис Немтсов, тибқи иттилои ВАО, ҳамроҳ бо ӯ бонуи 23-солаи украинӣ, ки дар олами мӯд маъруф аст, қарор дошт.
Немтсовро шаби 27 феврал дар наздикии Кохи Кремл паррониданд. Кумитаи тафтишотии Русия ҷустуҷӯи шоҳидони ҳодисаро эълом кардааст.