“Озодӣ”: вокуниши сиёсатмадорони тоҷик дар робита ба қатли Немтсов

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкГулҳо дар қатлгоҳи сиёсатмадор Борис Немтсов
Гулҳо дар қатлгоҳи сиёсатмадор Борис Немтсов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омили асосии кушта шудани Борис Немтсов, раҳбари мухолифини Русияро бархе сиёсатмадрони тоҷик сиёсӣ медонанд.

ДУШАНБЕ, 2 март — Sputnik. Баъзе аз сиёсатмадорони тоҷик мегӯянд, Борис Немтсов — раҳбари мухолифон дар Русияро, ки шаби 27 ба 28 феврал дар рӯбарӯи Кохи Кремлин ҳадафи тири афроди ношинос қарор гирифта ва ҷон дод, аз наздик мешинохтанд "Радиои Озодӣ".

Аммо мегӯянд онҳо, иллатҳои кушта шудани Немтсов зоҳиран "решаҳои чуқур" ва "сиёсӣ" дорад ва дар ҳоли ҳозир нокушуда боқӣ хоҳад монд.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии "Перспектива +", мегӯяд, Борис Немтсов барои ӯ як шахсияти ислоҳотпарвар ва ошкоргӯ буд ва ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд.

"Вақте хабари кушта шуданашро фаҳмидам, ҳолати вазнин буд. Хеле афсӯс мехӯрам", — гуфтааст Бобоназарова дар сӯҳбат бо радио.

Вай афзудааст, бо Немтсов ду бор — як бор тасодуфӣ ва бори дигар бо хоҳиши худ дар Маскав дидор кардааст.

"Вақте губернатор буд, ҳамон давра алакай маълум буд, ки шахсияти бузург аст. Як чиз ба ман нақл карда буд. Вақте Борис Елтсин чанд бор ба наздаш даъват карда ва гуфтааст, бояд бозсозӣ шавад ва ман мехоҳам ба Шумо вазифа диҳам, лекин Шумо қурбонӣ хоҳед шуд. Оё тайёр ҳастед, ки барои Русия қурбонӣ шавед? Немтсов ва ҳамроҳонаш гуфтаанд, мо тайёр ҳастем, ин корро барои ояндаи Русия қабул кунем", — илова кардааст Бобоназарова.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ҳам мегӯяд, бо Немтсов аз наздик ошноӣ дошт ва кушта шудани ӯро сиёсӣ медонад.

"Шояд фарзияҳои зиёде пеш оранд. Шояд бигӯянд, ин ба тиҷорат вобаста буд ё чизи дигар. Вале варианти асосии куштори ӯ сиёсӣ аст", — афзудааст Зойиров.

Зоиров дар зимн, инчунин, ошноии наздики худ бо Немтсовро ба ёд оварда афзудааст, "вай ҳамагӣ як сол дертар аз мо хатм кардааст. Мо бо ӯ соли 1988 аз наздик шинос шудем. Соли 1988 дар як конфронси калон дар Русия иштирок карда будем. Он вақт фаъолиятҳои сиёсияшро нав оғоз карда буд. Як муддат бо Чубайс ҳам ҳамкорӣ дошт. Баъдан ӯро кам-кам аз ҳама ҳизбу ҳаракатҳое, ки тавассути онҳо ба Думаи давлатии Русия роҳ ёфтан мумкин буд, берун бароварданд."

Борис Немтсов, сиёсатмадор ва аз мухолифони сарсахти Владимир Путин — раиси ҷумҳури Русия шаби 27 ба 28 феврал дар маркази шаҳри Маскав ва дар рӯбарӯи Кохи Кремлин кушта шуд. ​Куштори ӯ дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ ва ҳамандешонаш қарор буд рӯзи 1 март дар роҳпаймоии мухолифон дар Русия иштирок кунанд.

Бахши русии "Радиои Озодӣ" ба нақл аз масъулони Вазорати умури дохилии ин кишвар навишт, афроди ношинос ба бадани Борис Немтсов чаҳор тир холӣ кардаанд. Ҳоло тафтиши қазия идома дорад ва мақомоти пулис дар робита ба кушта шудани Борис Немтсов аз рӯи ду моддаи қонуни ҷиноии Русия парванда боз кардаанд.

Борис Немтсови 55-сола дар соли 1997 вазири энержии Русия ва муддате низ муовини нахуствазири ин кишвар буд. Вай корро соли 1991 аз раҳбарии як вилояти Русия оғоз карда, баъдан ба ҳукумати марказӣ роҳ ёфт. Дар поёни давраи раёсати ҷумҳурии Борис Елтсин, аз Немтсов ба унвони яке аз ҷойнишинҳои эҳтимолии ӯ ном мебурданд.

Лентаи хабарҳо
0