ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Танзи маҷаллаи фаронсавии Charlie Hebdo дар робита ба оташбас дар Донбасс "озодии баён нест ва аблаҳӣ мебошад", изҳор дошт раиси комитети думо дар умури байналмиллалӣ Алексей Пушков дар сафҳаи худ дар Twitter.
Қаблан маҷаллаи Charlie Hebdo танзеро дар робита ба оташбас дар Донетск мунташир кард. Қаҳрамонҳои он аз "осудаҳолӣ дар оташбас" шиква карда пешниҳод мекунандад, ки "алайҳи танзгарон иқдомоте анҷом дода шавад", менависад РИА Новости.
Раҳбарияти маҷаллаи Charlie Hebdo чунин меҳисобад, ки барои танз мавзӯъоти мамнуъ вуҷуд надоранд. Қаҳрамонҳои танзҳои маъмулан таҳқиромези ин маҷалла Попи Рум, раҳбарони кишварҳои мухталиф, Христос шуда буданд. Вале танзҳо алайҳи Муҳаммад пайёмбар вокуниши бештаре дошта буд.
Шарли-Эбдо поместил карикатуру. Разрушенный Донецк.Текст: "С прекращением огня в Донецке воцарилась скука." Мерзость это,а не свобода слова.
— Алексей Пушков (@Alexey_Pushkov) 1 Март 2015
Ҳафтуми январ дар Фаронса силсилаи аъмоли террористӣ рух доданд, ки аз ҳамла ба дафтари маҷаллаи Charlie Hebdo баъд аз интишори танзҳо алайҳи пайёмбар оғоз шуданд. Дар тӯли се рӯз 17 нафар, аз ҷумла се маъмури пулис кушта шуданд. Дар ҷараёни ду амалиёти вижа 9 январ се нафар аз террористон маҳв карда шуданд.
Сипас дар Фаронса ҳамоишҳои оммавӣ ба манзури гиромидошти кушташудагон ва пуштибонб аз озодии баён баргузор шуданд — ба хиёбонҳо беш аз се миллион нафар гирдиҳам омаданд.
Чанд рӯз қабл Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса дар ҷаласаи Шӯрои амният изҳор кард, ки мизони хатароти аъмоли террористӣ дар кишвар ҳамчунон баланд боқӣ мондааст.