ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон барои талоши 13 килограмм ҳероин ба Дубай ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Ба ғайр аз маҳкумият аз озодӣ, додгоҳи Аморати Арабӣ муввазаф кард, ки маҳкумшуда ҷаримаи бузург пардохт кунад.
Дар хабар омадааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон 4 июни соли гузашта ҳангоме боздошт шуд, ки зимни бозрасии гумрукӣ аз боғоҷи вай 13 килограмму 610 грамм ҳероиш кашф ва мусодира шуд.
Мақомоти Дубай изҳор доштанд, ки баъд аз адои мӯҳлати ҷазо муттаҳам ба ватани худ истирдод хоҳад шуд.