ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон дар охирин ҷаласа миннатдории раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба вакилон расонида, аз ВАО-и давлативу ғайриҳукуматӣ барои пахши гузоришҳои беғараз изҳори сипос намудааст, менависад оҷонсии "Озодагон".
Ҳамчунин дар ин ҷаласа Зуҳуров фаъолияти панҷсолаи вакилонро касбӣ хонда, баҳои баланд додааст.
Ба қавли ӯ, дар ин панҷ сол вакилон бештар ба боварии интихобкунандаҳо сазовор шудаанд. Ҷаноби Зуҳуров ба дарёфти беш аз 4 ҳазор дархости хаттӣ ва 31 ҳазор дархости шифоҳии мардум ба Маҷлиси намояндагон ишора карда, гуфт, ҳамаи он аз сӯи вакилон баррасӣ ва аксарият ҳалли худро ёфтанд.
Дар ҷаласаи рӯзи 27 феврал раиси палатаи поёнии парлумон аз ҳамкории хуб миёни идораҳои давлатӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Вай афзудааст, зимни қабули лоиҳаи қонунҳо назари созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ба назар гирифта шуданд.
Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, қонунҳое, ки дар ин панҷ сол қабул шуданд, ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ нигаронида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаву муҳокимаҳои мунтазам дар парлумон сабаб шуданд, то раҳбарияти идораҳо масъулият ҳис намуда, маблағҳои буҷавиро мақсаднок истифода баранд.
Дар поёни суханронии худ ӯ аз вакилоне, ки дар даъвати панҷум вориди парлумон мешаванд, даъват намуд, бештар бо мардум наздик шаванд ва ҳангоми таҳияи қонунҳо онро ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ созанд.