Сафорати ҶТ дар Русия мизони камтари раъйдиҳандагонро интизор аст

© Sputnik / Светлана МайороваИнтихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дипломати тоҷик ширкати мизони камтари интихобкунандагони муқими Русия дар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Далели аслии ин амрро вай дар тағйироти қавонини ҳар ду кишвар медонад.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба маркази интихоботии сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар муқоиса бо интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 теъдоди камтари интихобкунандагон хоҳанд омад, изҳор дошт ба бошгоҳи "Россия для всех" намояндаи сафорат Муҳаммад Эгамзод.

"Мо пешбинӣ мекунем, ки дар интихоботи порлумонӣ ба маркази раъйдиҳӣ дар сафорат теъдоди камтари интихобкунандагон дар муқоиса бо интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 меоянд. Мо чанд даҳ ҳазор варақаи раъйдиҳӣ дар ихтиёр дорем ва тибқи пешбинӣ ин миқдор варақа зиёдатӣ хоҳад буд", — изҳор дошт ин масъули сафорат.

Мизони камтари мушорикати раъйдиҳандагон, ба гуфтаи Эгамзод, нахуст ба ислоҳи қавонини Тоҷикистон марбут аст, ки тибқи онҳо марказҳои овоздиҳӣ танҳо дар ҳудуди намояндагиҳои расмии дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷ аз кишвар метавонанд боз шуда бошанд.

Имсол дар Русия се маркази раъйгирӣ — дар сафорат (Маскав) ва консулгариҳои кулл (Екатеринбург ва Уфа) боз мешаванд. Зикр шудааст, ки дар ҳар се марказ миқдори баробари варақаҳои раъйдиҳӣ вуҷуд доранд, вале омори дақиқ ироъа нашудааст.

Қуттӣ барои раъйдиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КМИРТ ҳавзаҳои интихоботӣ дар хориҷро эълон кард

Ба ғайр аз ин, сафоратхона баъид намедонад, ки қуттиҳои сайёр низ ба гунаи замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ таъсис дода мешаванд.

"Қуттиҳои сайёр мешаванд, вале танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё агар аз сӯйи шаҳрвандони мо муроҷиате шавад. Масалан, агар касе бемор ва дар бемористон қарор дошта бошад", — гуфт Эгамзод.

Далели дигари мушорикати камтари шаҳрвандон дар интихобот, ба гуфтаи Эгамзод, шадидтар қавонини муҳоҷирати Русия мебошад, ки дар натиҷа теъдоди атбоъи тоҷик дар Русия феълан камтар аз моҳи ноябри соли 2013 мебошад.

Бо ин вуҷуд, намояндагии дипломатии Тоҷикистон талош мекунад, ки теъдоди бештари шаҳрвандон дар интихобот ширкат кунанд. Ба гуфтаи Эгамзод, сафоратхона аз ниҳодҳои интизомӣ дархост кардааст, ки шароити озоди омаду рафти интихобкунандагон ва таъмини низомро то марказҳои овоздиҳӣтаъмин кунанд.

"Хулоса, то ки шаҳрвандони моро боздошт накунанд ва онҳо оромона тавонанд ба марокизи раъйдиҳӣ омада интихоб кунанд", — гуфт вай.

Эгамзод ҳамчунин хабар дод, ки ду ҳизби ширкаткунанда дар интихобот — ҳизби ҳокими халқи демократ ва Ҳизби наҳзати исломии мухолиф дар қаламрави Русия таблиғоти интихоботӣ анҷом додаанд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли 2013 дар Русия дар 24 минтақа марокизи раъйгирӣ ташкил шуда буданд. Он замон дар маркази овоздиҳии сафоратхона тақрибан 34,5 ҳазор баргаи раъйдиҳӣ истифода шуданд.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон якуми март баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0