ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputniк. Реҷаи интиқоли неруи барқ, ки дар моҳи октябри осли 2014 роҳандозӣ шуда буд, имрӯз бо дастури раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон лағв шуд, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба маркази мутбуотии ширкати "Барқи тоҷик".
Аз имрӯз куллия манотиқи кишвар, ки қаблан дар як шабонарӯз 8 соатӣ ва сипас 19 соатӣ барқ мегирифтанд, ба сурати шабонарӯзӣ бо неруи барқ таъмин мешаванд.
"Ин амр ба далели афзоиши вуруди маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи Норак то 223 метри мукааб дар як сония имконпазир шуд. Дар ҳамин давраи соли гузашта маҷрои оби воридшаванда ба обанбор 100 метри мукааб камтар буд. Мизони оби обанбори Норак дар сатҳи 879,8 метр қарор дорад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 шаш метр баландтар мебошад. Ин амр имкон медиҳад, ки реҷаи қаблан роҳандозишудаи нерӯи барқ лағв гардад", — гуфтаанд дар маркази матбуотӣ.
Хабар дода шудааст, ки мизони тавлиди нерӯи барқ дар кишвар ба 58 млн кВт соат расидааст ва ин миқдор барои таъмини шабонарӯзии сокинони манотиқи ҷануб, шимол ва маркази ҷумҳурӣ кофӣ аст.
Ҳамасола ба далели камбуди неруи барқ дар Тоҷикистон дар фасли тирамоҳу зимистон маҳдудият ё реҷаи истифодаи нерӯи барқ роҳандозӣ мешавад.Ба гуфти масъулини бахши энержӣ, дар ин фасл маҷрои рӯдхонаи Вахш коҳиш ёфта мизони оби обанбори бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон — нерӯгоҳи Норак пойин меравад ва ин амр имкон намедиҳад, ки миқдори зарурии неруи барқ тавлид шавад.