ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Беш аз 100 ҷангӣ зимни амалиёти муштараки мақомоти амниятии Афғонистон, ки тайи се ҳафта дар Қундуз идома дошт, ба ҳалокат расид, менависад Афганистан.ру бо истинод ба ОИ "Пажвок".
Амалиётҳои дастаҷамъӣ имкон дод, ки бархе манотиқи вулусволии Қундуз аз тасарруфи ҷангиёни ифротӣ озод шаванд, иттилоъ дод Муҳаммад Умар Сафӣ, волии Қундуз.
Ҳамзамон, 14 тан аз кормандони хадамоти амниятиву интизомии Афғонистон дар ин амалиёт ҳалок гардида, 60 нафар ҷароҳат бардоштанд. Кушташудагон дар миёни сокинони осоишта 3 нафар унвон мешаванд. Бар асари даргириҳо аксари хонаводаҳои минтақа манзили зисташонро тарк карда, ба ҷои амн кӯч баста буданд.
Қайд мешавад, ки айни замон амалиёти густурдаи пулис ва неруҳои амнияти миллӣ дар бархе аз маҳаллоти Қундуз идома дорад.
Қундуз вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон буда, арзу тӯли сарҳади муштарак қариб 200 километтро ташкил медиҳад. Ҳудуди 22 дарсади сокинони вулусволӣ тоҷикон мебошанд.