ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Олимҷони Пираҳмад, донишҷӯи соли савуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз озмуни байналмиллалии илмҳои дақиқ, ки рӯзҳои 18-20 уми феврал дар Беларус баргузор шуд, бо нишони тилло баргашт, иттилоъ медиҳад "Радиои Озодӣ".
Дар ин сабқат донишҷӯёни беш аз 30 донишгоҳҳои Русия, Эстония, Лаҳистону Беларус ва Словенияву Қирғизистон, ширкат доштаанд.
Тоҷикистонро дар баробари Олимҷон донишҷӯйи дигар аз Донишгоҳи миллӣ Равшан Каримов намояндагӣ кард, ки вай соҳиби медали нуқра шудааст. Ба ин тартиб, тими дунафараи донишҷӯёни тоҷик дар сабқати ғайрирасмии гурӯҳӣ, баъд аз муҳассилини Донишгоҳи давлатии Маскав мавқеи дувумро касб кардаанд, ки ин, ба гуфтаи устодон, барои соҳаи маорифи Тоҷикистон дастоварди бузург аст.
"Ин озмун байни донишҷӯён, аспирантҳо ва магистрҳо буд. Медали мо ҳам аз байни медалҳои тилло ягон 8 ё нуҳум аст. Шарт ҳамин буд, ки 30 масъала аз чанд шохаи математика, мисли таҳлили математикӣ, алгебраи хаттӣ пешниҳод мекарданд ва мо бояд ҳал мекардем. Фикр мекунам муваффақ шудам, сабаб худомӯзии зиёд аст, ман болои худ бисёр кор мекардам", — гуфтааст Олимҷон.
Ин донишҷӯ хатмкардаи мактаби муштараки Тоҷикистону Русия мавсум ба "Ҳотам ПВ" ва ҳоло донишҷӯёи соли савуми Донишгоҳи миллӣ аст. Ин дувумин нишони тиллоест, ки Олимҷон дар 7 моҳи ахир ба Тоҷикистон меорад. Моҳи августи соли равон вай дар озмуни ҷаҳонии донишҷӯён аз фанни риёзӣ дар Булғория, низ дар миёни донишҷӯёни беш аз 51 кишвар ширкат ва сазовори нишони тилло шуда буд.
Бино ба иттилои вазорати моарифи Тоҷикистон, танҳо дар соли 2014 164 муҳассили мактабҳои миёнаву олӣ дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат кардаву соҳиби 128 медал, аз ҷумла 19 нишони тилло шудаанд. Аксари медалҳои тиллоро хонандагон дар озмунҳои илмҳои дақиқ аз худ кардаанд.