Раиси “Ориёнбонк”- мудавии курсии вакилии маҷлиси пойтахт

© Sputnik / Амир ИсаевҲукумати шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Ҳукумати шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳасан Асадуллозода дар сабқати интихоботӣ як рақиб дорад, он ҳам намояндаи ҲНИТ.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президенти Тоҷикистон, Ҳасан Асадуллозода номзад ба курсии вакилии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе шудааст, иттилоъ медиҳад ОИ "TojNews".

Тибқи иттилои Комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе, дар баробари Ҳасан Асадуллозода аз ҳавзаи интихоботии № 24 — и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт танҳо як номзад аз ҲНИТ — Зайниддин Деҳқонов вориди сабқати интихоботӣ мешавад.

Ҳасан Асадуллозода як чеҳраи шинохта аст, ки ба номаш на фақат қудратмандтарин бонки кишвар, балки даҳҳо ширкату корхонаи Тоҷикистон, аз ҷумла "Сомон Эйр", бузургтарин ширкати ҳавонавардӣ, "Исмоили Сомонӣ асри 21", калонтарин ширкати истеҳсол ва содиркунандаи пахтаи кишвар, бастагӣ дорад.  

Оқои Асадуллозода соҳиби ду диплом, маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқист. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Зайниддин Деҳқонов, номзади ҲНИТ ва рақиби раиси "Ориёнбонк" хатмкардаи Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳади Эрон бо ихтисоси забони арабӣ буда, ҳоло дар ширкати "Бинокор — сервис" муҳандиси техникӣ аст.

Рӯзи  1-уми марти соли равон дар Тоҷикистон баробар бо интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумони кишвар) интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ низ сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0