Дар фурудгоҳи Донетск 30 ҷасади низомиёни Украина ошкор шуд

© AP / Vadim GhirdaҶасади берун кашида шудаи низомиёни украинӣ дар фурӯдгоҳи Донетск. 25 феврали соли 2015
Ҷасади берун кашида шудаи низомиёни украинӣ дар фурӯдгоҳи Донетск. 25 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи вазорати дифоъи ҶМД хабар дод, ки аҷсоди ҳудуди сӣ нафар низомиёни украинӣ ба сардхона ва сипас ба пайвандонашон мунтақил хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои фурудгоҳи Донетск на камтар аз 30 ҷасади низомиёни украиниро пайдо кардаанд, хабар додааст Ожонсии хабарии Донетск бо истинод ба вазорати дифоъи ҶМД.

"Имрӯз барои бозсозии харобаҳо нерӯҳои умури изтирорӣ, ҷудоихоҳон ва ҳамчунин ихтиёриҳон ҷалб шудаанд. Зимни бозсозӣ аҷсоди на камтар аз 30 сарбози украинӣ пайдо шуданд. Онҳоро ба сардхона мунтақил медиҳанд ва умури ҷустуҷӯи пайвандонашон оғоз мешавад", — иқтибос овардааст Ожонсӣ аз суханони намояндаи вазорати дифоъ.

Ба иттилоъи ниҳоди дифоъ, умури бозсозиро намояндагони Салиби сурх ва САҲА назорат мекарданд, вале баъд аз он ки ҷониби Украина маҳаллоти атрофи фурудгоҳро тирборон кард, кормандони созмонҳои байналмиллалӣ аз ин ҷо рафтанд.

Қаблан РИА Новости гузориш дода буд, ки намояндагони САҲА ва Салиби сурхи ҷаҳонӣ маҳалли фурудгоҳро, ки дар он ҷо умури бозсозӣ идома дорад, баъд аз шунидани садои тирпарронӣ ва мушакборон тарк карданд.

Фурудгоҳи Донетск маҳалли аз ҳама доғи даргирӣ дар Украина буд. Оғози умури берун кашидани аҷсоди низомиёни фавтидаи украинӣ дар ҳузури намояндагони САҲА ва Салиби сурх ба 24 феврал дар нақша буд.

Вале он замон намояндаи Салиби сурх дар бораи лағви сафари ҳайъат ба фурудгоҳи Донетск "ба далели ҳалл нашудани масоили амниятӣ аз ҷониби Украина" эълом кард.

Лентаи хабарҳо
0