ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тибқи иттилоъи ахир дар шимолу шарқи Афғонистон теъдоди қурбониёни тармафароӣ беш аз 200 нафар шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Қаблан дар бораи кушта шуди 186 нафар хабар шуда буд.
Омори дақиқи кушташудагон ироъа намешавад, вале рӯшан аст, ки дар вилояти Панҷшер 168 нафар кушта шудаанд. Умури наҷот идома дорад ва эҳтимол меравад, ки теъдоди қурбониён боз афзоиш меёбад.
"Ҳоло мо миқдори аз ҳама бештари барф ва миқдори аз ҳама зиёди резиши баҳман дар 30 соли ахирро мушоҳида мекунем", — гуфт волии вилояти Панҷшер Абдул Раҳмон Кабирӣ.
Тоннаҳои зиёди барф рӯзи чаҳоршанбе ба чаҳор вилоят дар шимолу шарқи кишвар рехтанд ва бештар аз ҳама Панҷшер, ки аҳолиаш 144,4 ҳазор нафар аст, осеб дид.