ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Комиссияи фаннӣ дақиқ кард, ки дар садамаи ҳавопаймои Falcon 50, ки дар он раҳбари ширкати Total Кристоф де Маржери кушта шуд, иштибоҳоти хадамоти мухталиф боис шудаанд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Коммерсант".
Қазия дар фурудгоҳи "Внуково" шаби 21 октябр рух дод. Ҳавопаймо ба мошини барфтозакунак бархӯрд. Ҳамроҳи де Маржери боз се халабони ин ҳавопаймо кушта шуданд.
Тибқи таҳқиқоти муқаддамотии ин қазия, дар роҳи парвози ҳавопаймо мошини барфтозакунак бо ронандаи сархуш пайдо мешавад, ки дар хати парвоз роҳгум задааст.
Раҳбари ин ронанда ба он "муттаҳам" шудааст, ки корманди худро назорат накардааст. Вай низ сархуш будааст.
Пизишке, ки ба итттилоъи рӯзнома, бояд фишори хун ва таппиши қалби ронанда ва раҳбари ӯро ташхис мекард, танҳо зоҳиран онҳоро арзёбӣ кардааст.
Гузашта аз ин, парвози Falcon 50-ро духтараки таҷрибаомӯз раҳбаладӣ мекард, ки аз вуҷуди мошинҳои барфтозакунӣ дар хатти парвоз огоҳӣ надоштааст.
Халабонҳои Falcon, ки барои парвоз иҷоза гирифта буданд, суръати ҳавопайморо зиёд мекарданд. "Чи мошине дар роҳи мо истодааст?" — тавонистааст бипурсад яке аз халабонҳо аз ҳамтоёнаш.
Ҳавопаймо талоши ист карданро накардааст, зеро нуктаи бозгашт гузашта буд — суръати ҳаракати ҳавопаймо баланд буд. Ҳавопаймо бо чархи қаноти рост қисмати болоии мошини барфтозакуниро мерасад ва дар фазо давр зада ба майдони парвоз меафтад.
Дар пайи зарбаи шадид ва оташсӯзии оғозшуда се нафар халабонҳои ҳавопаймо ва ягона мусофири он кушта мешаванд.