Расонаҳои саршиноси ҷаҳонӣ барои бозтоби интихоботи порлумонӣ омаданд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинНаворбардорон. Акс аз бойгонӣ
Наворбардорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба тавваҷӯҳи зиёди расонаҳои хориҷӣ ба интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар, ки 1 март баргузор мешаванд, зикр мекунад. Ба гуфтаи вай, барои бозтоби ин маросими сиёсӣ ҳудуди сад нафар хабарнигорони хориҷӣ сабти ном шудаанд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони 21 расона аз 12 кишвари хориҷӣ, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистонро бозтоб мекунанд, ҳамакнун дар кишвар қарор доранд, гуфтааст ба Радиои Озодӣ сухангӯйи вазорати хориҷа Абдулфайз Атоев.

Ба гуфтаи вай, ин расонаҳоро ҳудуди 100 нафар хабарнигорон, наворбардорон ва аккосбардорон намояндагӣ мекунанд.

Онҳо расонаҳоеро назири "Ал-Ҷазира" (Қатар), "Синхуа" (Чин), "Киодо Тсусин" ва "NHK" (Ҷопон) намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин хабарнигорон аз Олмон, Фаронса, Русия, Бритониё, ИМА, Эрон ва кишварҳои дигар низ ҳастанд.

Нозирони САҲА барои назорати интихобот ба Душанбе омаданд

Атоев гуфт, ки мизони тавваҷӯҳи расонаҳои хориҷӣ дар ин интихобот дар муқоъиса бо интихоботҳои қаблӣ бештар аст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, вуруди дархости сабти номи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ҳамчунон идома дорад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки ин интихоботро беш аз 500 нафар нозирони минтақавӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои мухталиф назорат хоҳанд кард.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон якуми март баргузор мешаванд. Дар ин рӯз ҳамчунин вакилони маҷолиси маҳаллӣ низ интихоб хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0