https://sputnik.tj/20150226/1014571088.html
Толибон масъулияти инфиҷор дар Кобулро бар ӯҳда гирифтанд
Толибон масъулияти инфиҷор дар Кобулро бар ӯҳда гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи инфиҷор, ки рӯзи панҷшанбе дар наздикии сафоратхонаи Эрон рух дод, ду нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шуданд. Ба навиштаи расонаҳо, дар миёни... 26.02.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-02-26T14:37+0500
2015-02-26T14:37+0500
2021-04-22T17:49+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101456/89/1014568989_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_09b28c7a17af96398495d888aa6de91c.jpg
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, афғонистон, кобул, аюб солангӣ, толибон, сафоратхонаи эрон, вкд афғонистон, инфиҷор, масъулияти амали террористӣ
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, афғонистон, кобул, аюб солангӣ, толибон, сафоратхонаи эрон, вкд афғонистон, инфиҷор, масъулияти амали террористӣ
Толибон масъулияти инфиҷор дар Кобулро бар ӯҳда гирифтанд
14:37 26.02.2015 (Навсозишуда: 17:49 22.04.2021) Дар пайи инфиҷор, ки рӯзи панҷшанбе дар наздикии сафоратхонаи Эрон рух дод, ду нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шуданд. Ба навиштаи расонаҳо, дар миёни кушташудагон сарбози туркӣ ва шаҳрванди Афғонистон будаанд.
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. "Толибон" масъулияти инфиҷор дар назди сафоратхонаи Эрон дар Кобулро бар ӯҳда гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабари намояндаи ин ҷунбиш, ки ин мавзӯъро дар сафҳаи худ дар Twitter изҳор доштааст.
Инфиҷор рӯзи панҷшанбе дар наздики сафоратхона рух дода дар пайи он ду нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шуданд. Ба иттилоъи расонаҳо, дар миёни кушташудагон сарбози туркӣ ва як шаҳрванди Афғонистон буданд.
Муовини вазири ВКД Афғонистон генерал Аюб Солангӣ изҳор дошт, ки ҳадафи террористи маргхоҳ мошини дипломатии туркӣ будааст.
Ҷунбиши "Толибон" иброз доштааст, ки "ҳадафи ин ҳамла корвони нерӯҳои мусаллаҳии ИМА буд, на сафоратхона ё атбоъи кишвари дигаре", хабар медиҳад NBC News бо истинод ба хабар дар сойти иҷтимоӣ.
Дар поёни соли гузашта нерӯҳои мусаллаҳи НАТО ва ИМА расман маъмурияти низомии худ барои мусоидат ба субот дар Афғонистонро анҷом доданд.
Қаблан мақомоти баландпояи эътилоф хабар дода буданд, ки ҳамакнун бар ҷои Нерӯҳои байналмиллалии мусоидат ба субот дар Афғонистон (ISAF), ки теъдоди ниҳоии онҳо 139 ҳазор нафар буд, аз авоили соли 2015 дар кишвар ҳудуди 12 ҳазор нафар низомиён ҷойгузин мешаванд. Соли гузашта дар Афғонистон дар пайи аъмоли террористӣ теъдоди бештари мардум кушта шуданд.