ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Кӯдаки ҳафтсола, Сумаяи Д, хонандаи синфи якуми мактаби №72 шаҳри Душанбе, баъди дарс аз мактаб ба хонаашон меравад, дар роҳ ба даруни ҷӯйбор афтида, дар ҷои ҳодиса вафот мекунад, менависад Tojnews.
"Баъди ба итмом расидани дарс муаллим модари Сумаяро огоҳ мекунад, ки фарзандашро пешвоз гирад, дарс тамом шуд. Аммо модар мегӯяд, ки дар хона меҳмон дораду ӯ худ роҳро медонад",- қайд карданд дар РКД шаҳри Душанбе.
Маврид ба тазаккур аст, ки ин ҷӯй дар тобистон пуроб буда, ҳоло қариб ки об надорад, духтарча лағжида ба даруни он меафтид. Дар натиҷа аз ҳуш рафта, зери об нафасгир мешавад.
Ҷасади кӯдакро хонандагони мактаби ҳамсоя пайдо кардаанд.